Пайвандҳои дастрасӣ

Украина аз афзоиши фишори иқтисодии Русия ҳарос дорад


Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович имрӯз дар Маскав бо сарвазири Русия Владимир Путин робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро баҳс хоҳад кард. Янукович барои ширкат ба ҳайси нозир дар нишасти сарони Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ба Маскав сафар кардааст. Дар ҳошияи ин ҳамоиш Янукович бо сарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва намояндаи Молдова низ мулоқот дошт. Украина ҳарос дорад, ки таҳиким Иттиҳоди гумрукӣ, ки узви он нест, маҳдудиятҳоеро дар тиҷорати он ба миён хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG