Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон Эронро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз ба мардуми Эрон, хушӣ орзу кардааст. Дар баёнияи хонум Клинтон омадааст, "Иёлоти Муттаҳида дар истиқболи фурсатҳои нави соли нав ва имконияти пайвандҳои хонаводагӣ ва дӯстӣ ба шумо мепайвандад." Айни замон хонум Клинтон гуфтааст, кишвараш ҳамчунон ба аҳди худ дар ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, озодии баён ва рушди сулҳу пешрафт содиқ аст. Шимон Перес, раиси ҷумҳури Исроил низ дар як ҳаракати нодир Эрон бо расидани Ҷашни Наврӯз табрик гуфта, хоҳони “сулҳ ва ҳамзистӣ” шудааст. Айни замон танишҳо миёни Эрону Исроил ва ҳамингуна Амрико бинобар барномаҳои атомии Эрон авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG