Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ ҳамла дар Тулузаро "фоҷиаи миллӣ" хонд


Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҳамла дар наздикии як мактаби яҳудиён, ки чаҳор кушта ба ҷой гузошт, “фоҷиаи миллӣ” аст. Никола Саркозӣ баъди чанд соат аз ин ҳамла, ки дар он се кӯдак низ қурбон шуданд, ба маҳалли ин ҳодиса рафт ва гуфт: "Ин як ваҳшат аст, як фоҷиа аст. Ман намедонам, чӣ метавонист, сабабҳои ин ҳодиса шавад. Ман тассавур карда наметавонам, ки як нафар метавонад инсонҳоро дар назди мактаб бигуӯад, дар мактаби кӯдакони яҳудӣ. Ин як фоҷиа аст." Никола Саркозӣ гуфт, миёни ин ҳамла ва ду ҳамлаи дигар, ки дар он се сарбози фаронсавӣ кушта шуданд, "монандиҳои такондиҳанда" дида мешавад. Додситонҳои Фаронса дар робита ба ин ҳамлаҳо дар шаҳри Тулуза парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин тирандозӣ, аз сӯи як фарди мусаллаҳи мотосиклсавор се кӯдаки аз 3 то 10-сола ва муаллими сисолаи онҳо кушта шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо ин хунрезиро “ҷинояти нафратангез” хонд.
XS
SM
MD
LG