Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Душанбе меояд


Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, нимаҳои моҳи апрел ба Душанбе сафар карда ва масъалаи пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ба навиштаи хабаргузорӣ, дар ҷараёни дидорҳои Сергей Лавров бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ шароити ҳузури пойгоҳи 201 ва истифода аз фурудгоҳи ҳавоии Айнӣ дар ҳошияи шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистону Русия дер боз сари ин ду пойгоҳ музокироти душворе доранд ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ваъда дода буд, ки ду кишвар қарор аст дар семоҳаи аввали соли 2012 қарордод дар бораи ҳузури 49-солаи дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро имзо кунанд.
XS
SM
MD
LG