Пайвандҳои дастрасӣ

Федератсияи футболи Тоҷикистон саҳифаи интернетии худро дар роҳандозӣ намуд. Ин шабака бо суроғаи номи fft.tj қобили дидан аст. Ин сомона ба гуфтаи Фаридун Солиев, сухангӯи ин федератсия, ба сурати тестӣ фаъолият дорад. Ӯ гуфтааст, ки зимни ҳар бозии футбол дар ин сомона ҳисобот, шарҳу гузориши бозиҳо мунташир хоҳад шуд. Ҳадаф аз роҳандозии ин сайт, бештар дар ҷараёни фаъолияти ФФТ қарор додани хонандагон ва мухлисони футбол аст, мегӯяд оқои Солиев. То кунун клуби футболи Истиқлол fc-istiklol.tj ва Регар-Тадаз fcregartadaz.tj дар шабакаи интернетӣ сомонаҳои худро доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG