Пайвандҳои дастрасӣ

Русия фурӯши ғалладоронаро маҳдуд намекунад


Ҳукумати Русия мегӯяд, имсол фурӯши ғалладонаро маҳдуд нахоҳад кард. Елена Скринник, вазири кишоварзии Русия, рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, кишвараш паёмадҳои хушксолӣ ва камҳосилии ду соли пешро паси сар кардааст. Соли 2010 ҳавои хушк ҳосили гандум дар Русияро кам кард ва ин кишвар фурӯши гандумро қатъ кард, ки дар натиҷа қимати гандум дар саросари ҷаҳон боло рафт. Русия соли 2009 тақрибан 21 миллиону 500 ҳазор тонна гандум фурӯхта буд. Ба гуфтаи Виктор Зубков, муовини нахуствазири Русия имсол содироти гандум шояд ба 27 миллион тонна бирасад.
XS
SM
MD
LG