Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уммон: "Талош мекунем, бо Эрон ҷанг нашавад"


Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ, вазири масъул дар умури сиёсати хориҷии Уммон
Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ, вазири масъул дар умури сиёсати хориҷии Уммон

Вазири уммонӣ аз вуҷуди фурсатҳо барои гуфтугӯ ва ҳалли мусолиматомези танишҳои миёни Эрону Ғарб сухан гуфт.

Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ, вазири масъул дар умури сиёсати хориҷии Уммон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Ройтерз" ба хатарҳои ҷанг миёни Эрону Ғарб ҳушдор дод ва хотирнишон кард, ки "дастёбӣ ба роҳи ҳалле миёна ба суди ду тараф аст." Ӯ афзуд, "метавонем ба хубӣ бубинем, ки хатари оғози ҷанг дур аз интизор нест."

Уммон то кунун дар чанд навбат иқдом ба миёнҷигарӣ миёни Эрону Ғарб кардааст. Соли гузашта Қобус бини Саид, подшоҳи Уммон, барои ҳамвор кардани роҳи озодии ду амрикоии зиндонӣ дар Эрон талош кард.

Абдуллоҳ дар посух ба суоле дар хусуси хатарҳои ҳамлаи низомии Ғарб ба Эрон гуфт, “ҳамчунон фурсат барои ҷилавгирӣ аз ҷанг вуҷуд дорад, аммо ин фурсат тӯлонимуддат нест. Кишварҳои панҷ бар иловаи як ва Эрон ин фурсатро доранд, ки ба роҳи ҳалле миёна барои ин бӯҳрон даст ёбанд.” Вай илова кард, "ин хатар вуҷуд дорад, ки нигарониҳои Ғарб аз барномаи атомии Эрон аз контрол хориҷ шавад." Вазири умонӣ хостори тамаркузи бештар бар воқеиятҳо шуд.

Абдуллоҳ гуфтааст, Умон, ки дар тарафи дигари танга (гулӯгоҳ)-и Ҳурмуз муқобили Эрон қарор гирифтааст, барои таъмин амнияти ин танга, ки аз он рӯзона ба таври миёна 16 нафткаш убур мекунад, тамоми талоши худро хоҳад кард. Ин вазири умонӣ идома дод: “Тамоми талоши худро барои боз нигоҳ доштани тангаи Ҳурмуз ба суди бозаргонии байнулмилалӣ ва таъмини расидани энержӣ ба дигар кишварҳои ҷаҳон хоҳем кард."

Ӯ дар айни замон таъкид намуд, "албатта, ҳеҷ тазмин (кафолат)-е вуҷуд надорад. Чунон чи ҷарақ зада шавад ва дигар коре аз дасти мо сохта нахоҳад буд.”

Ҳафтаи гузашта Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико пас аз дидору гуфтугӯяш бо Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё гуфта буд, ки имкони аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани қазияи барномаи ҳастаии Эрон ҳарчӣ камтар мешавад ва фишор болои Теҳрон бояд идома ёбад. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта Эрон бо ҳар баҳона чанд бор музокирот оид ба барномаи ҳастаияшро ба замони дигар мавқуф гузошт ва аммо барои ҳалли мушкил коре анҷом надод.
XS
SM
MD
LG