Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Фаронса ду кӯдак ҷон дод


Бино ба гузоришҳо дар як марди мусаллаҳ дар шаҳри Тулуза дар ҷанубуғарби Фаронса дар наздикии як мактаби яҳудиён се нафарро кушта ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Да хабарҳо омадааст, фарди тирандоз савори мотосикл будааст ва аз дасти ӯ аз ҷумла ду кӯдаку як калонсол ба ҳалокат расидаанд. Пештар аз ин дар рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта як марди мотосиклсавор дар ду ҳамлаи алоҳида се сарбози фаронсавиро кушта ва як тани дигари онҳоро захмӣ кард. Маълум нест, ки оё ин се ҳодиса ба ҳам иртибот доранд, ё не?
XS
SM
MD
LG