Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози муҳокимаи фарде, ки Аврупоро "тарсонд"


Дар Олмон имрӯз муҳокимаи шахсе шурӯъ мешавад, ки эътирофоти ӯ доир ба амалҳои террористӣ дар соли 2010 кишварҳои аврупоиро ба тарсу таҳлука андохт. Аҳмад Валӣ Сиддиқӣ, як афғони муқими Олмон баъди боздошташ дар Афғонистон аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ ба онҳо иттилоъ додааст, ки гӯё созмони террористии Ал-Қоида, қасд дорад, дар чанд шаҳри Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад. Аммо ҳеҷ гуна ҳамлае сурат нагирифт. Аҳмад Валӣ Сиддиқиро ба узвият дар Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон муттаҳам мекунанд ва дар сурати собит шудани гуноҳаш ӯро метавонанд ба 10 соли зиндон маҳкум кунанд. Додситонҳо мегӯянд, Аҳмад Валӣ Сиддиқӣ дар ӯрдугоҳҳои террористӣ манотиқи марзии Покистону Афғонистон омӯзиш гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG