Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон гузориши созмони “Harm Reduction International”-ро ғайри воқеъӣ унвон кард.

Дар ин гузориш аз ҷумла гуфта мешавад, ки 70% дарсад аз заноне, ки дар Тоҷикистон дар зиндон ба сар мебаранд, бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Дар матлаби нашрнамудаи ин ниҳод, инчунин омадааст, ки шумораи умумии занон дар Тоҷикистон 3 миллиону 519 ҳазору 360 нафарро ташкил медиҳад. Ва дар зиндонҳои кишвар 600 нафар занон нигоҳдорӣ мешавад, ки 420 нафари онҳо бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор маҳкум шудаанд.

Аммо Оҷонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, соли 2011 дар Тоҷикистон 16.864 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамзамон, ҳиссаи ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир 5,5% будааст.

Дар соли 2011 дар Тоҷикистон 7.828 нафар барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда буданд, ки аз 805 нафарашон бонувон мебошанд. Шумори занони барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 41 нафар ва ё 4,2% -и ҷамъи умумиро ташкил медод.

Дар маҳбасхонаҳои Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ дар соли 2011 237 нафар занон адои ҷазо карданд, ки ҳамагӣ 54 (4,3%) онҳо барои қочоқ ё нигаҳдории маводи мухаддир маҳкум шуда буданд.

Баъди иҷрои Қонуни авф, феълан дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо 96 нафар зан барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба сар мебаранд, ки ҳамагӣ 8 нафари онҳо барои ҷиноятҳои марбути нашъа маҳкум шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG