Пайвандҳои дастрасӣ

Чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо дави марафонӣ оғоз ёфт.

Пойга субҳи шанбе аз қароргоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Чорбоғ, шурӯъ шуд ва дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба анҷом расид. Дар пойга ба масофаи 10 километр 13,5 ҳазор ашхоси синнашон мухталиф ширкат доштанд.

Дар сабқати мардон Ҳасан Ғафуров бо натиҷаи 23 дақиқаю 40 сония ғолиб омад. Аҷмал Амиров ҷойи дувумро касб намуд. Сотиболдӣ Ҳаитов севум шуд. Дар сабқати занон Муниса Раҳматова пирӯз гардид. Гузал Амирқулова дар ҷойи дувум ва Дилшода Раҳмонова дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли пойга бо ҷоизаҳои мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Дави Наврӯзӣ, инчунин, дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар баргузор шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб беш аз се ҳазор дустдорони дав ширкат карда, мувофиқи хоҳиши худ ба масофаҳои 2, 3 ва 5 километр давиданд.

Дар шаҳри Конибодом бошад, 3,5 ҳазор нафар иштирок доштанд. Мардон ба масофаи 6 километр, занон ба масофаи 3 километр ва наврасон ба масофаи як километр давиданд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, рӯзи 23-юми март соати 14 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Ғолиби мутлақи мусобиқа бо ҷоизаи олӣ - мошини сабукрави тамғаи хориҷӣ мукофотонида мешавад.

Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мусобиқаи аспдавонӣ ё пойгаи равон, ки 27-уми март соати 10 дар “Наврӯзгоҳ” (собиқ Ипподроми Душанбе) барпо мегардад, хотима меёбад. Ғолибони пойга ба масофаҳои мухталиф бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд. Арзиши билет ё чиптаи вуруд ба Наврӯзгоҳ 5 сомонист.
XS
SM
MD
LG