Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи Осиё


Мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё аз 25-уми май то 1-уми июни соли равон дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа 16 дастаи мунтахаб ширкат хоҳад кард. Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Бар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо тимҳои Ҷопон, Тайван ва Лубнон бозӣ мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон агар ба даври баъдӣ роҳ ёбад, бо яке аз дастаҳои пешқадами гурӯҳи “А” рӯбарӯ хоҳад шуд. Бояд тазаккур дод, ки чаҳор дастаи беҳтарини Осиё ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат мегирад.

Натоиҷи қуръакашӣ:

гурӯҳи «А»: АМА, Тайланд, Қирғизистон, Туркманистон.
гурӯҳи «В»: Ҷопон, Тоҷикистон, Тайван, Лубнон.

гурӯҳи «С»: Эрон, Австралия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ.
гурӯҳи «D»: Узбакистон, Индонезия, Чин, Кувайт.

Тақвими бозиҳо:

25-уми май (ҷумъа)
Тайланд – Қирғизистон, АМА – Туркманистон, Тайван – Тоҷикистон, Ҷопон – Лубнон, Австралия – Қатар, Эрон – Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия – Чин, Узбакистон – Кувайт.

26-уми май (шанбе)
Туркманистон – Тайланд, Қирғизистон – АМА, Лубнон – Тайван, Тоҷикистон – Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ – Австралия, Қатар - Эрон, Кувайт – Индонезия, Чин – Узбакистон.

27-уми май (якшанбе)
АМА – Тайланд, Қирғизистон – Тайланд, Ҷопон – Тайван, Тоҷикистон – Лубнон, Эрон – Австралия, Қатар – Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон – Индонезия, Чин – Кувайт.

29-уми май (сешанбе)
Ғолиби «А» – ҷойи дуюми «В», ғолиби «С» – ҷойи дуюми «D», ғолиби «В» – ҷойи дуюми «А», ғолиби «D » – ҷойи дуюми «С».

30-юми май (чоршанбе)
Бозиҳои ниманиҳоӣ

1-уми июн (панҷшанбе)
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
Бозии ниҳоӣ
XS
SM
MD
LG