Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Салиби Сурх роҳҳи ёрмандӣ ба мардуми Сурияро меҷӯяд


Раиси Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх, Ҷейкоб Келленбергер қарор аст, имрӯз дар Маскав бо вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, роҳҳои расондани ёриҳои башарӣ ба мардуми Сурияро баррасӣ мекунад. Келленбергер гуфтааст, барои кӯчондани захмиён аз манотиқи муҳосирашудае монанди Ҳумс рӯзона ду соат оташбас зарур аст. Ҳайати муштараки Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва Созмони Милал ҳоло дар Сурия буда, талош доранд, ниёзҳои башариро ташхис кунанд. Созмони Милал мегӯяд, дар як соли шӯриши зидди президент Башор Асад дар Сурия наздик ба 9,000 нафар кушта шуда, 30,000 нафар аз кишвар фирор кардаанд ва 200,000 нафари дигар дар дохили кишвар беҷо шудаанд.
XS
SM
MD
LG