Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши Маскав. Оғози ҳаракат ба сӯи иттиҳоди путинӣ?


Нишасти қаблии сарони Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ё "ЕврАзЭС" дар Маскав, 19-уми декабри 2011.

Нишасти қаблии сарони Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ё "ЕврАзЭС" дар Маскав, 19-уми декабри 2011.

Президентҳои мамолики узви Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ё "ЕврАзЭС" яке паси дигар вориди Маскав шуданд.

Сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ё "ЕврАзЭС" дар ҳамоише дар Маскав идомаи равандҳои ҳамгироиро баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуоти Кремл дар изҳороте гуфтааст, ин мулоқот дорои “аҳамияти бузург” буда, дар он президентҳои Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Ҳамчунин, ба иттилои ин манбаъ, раҳбарони Арманистон, Молдова ва Украина дар ҳамоиши мазкур ба ҳайси нозир ҳузур хоҳанд дошт. Президентҳои Арманистон ва Украина ширкати худро дар нишаст тасдиқ кардаанд.

Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба Маскав рафтааст. Як манбаи расмӣ ба хабаргузориҳо гуфта, ки ҷаноби Раҳмон шоми 19-уми март ба ватан боз хоҳад омад. Чун рӯзи 20-уми март, қарор аст, дар ифтитоҳи Китобхонаи нави миллӣ дар Душанбе иштирок карда, бо зиёиёни кишвар ҳам мулоқот бикунад.

Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, қарор аст, президентҳо дар мулоқоти Маскав сари шартҳои бунёдӣ ва усулии як қарордоде тасмимгирӣ кунанд, ки Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиёро дар оянда ба як иттиҳоди нав табдил хоҳад дод. Ба ақидаи таҳлилгарон, ин шартҳо ба пешниҳодҳои сарвазири Русия Владимир Путин, ки акнун дигарбора ба курсии раёсатҷумҳурии Русия бармегардад, ҳамнавоянд. Путин охири соли гузашта дар матлабе дар рӯзномаи “Известия” навишт, ки кишварҳои Итттҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) бояд ба ташкили Иттиҳоди Авруосиё камар банданд. Дар қаламрави иттиҳоди нав, ки аз баъзе ҷиҳатҳо Иттиҳоди Шӯравиро ба хотир хоҳад овард, ҳаракати молу коло ва одамон бидуни монеаҳое шабеҳи назорати марзӣ ё гумрук сурат гирад.

Манобеи русӣ аз эҳтимоли имзо шудани санаде дар ҳамоиши сарон дар Маскав хабар надодаанд, вале аксари онҳо ишора кардааст, ки кишварҳои Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё дар нишасти сарон рӯзи 19-уми декабри соли 2011 ба пешнависи таъсиси иттиҳоди нав ризоият додаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз таҳлилгарон гуфтаанд, ҳеҷ кишвари ИДМ ба узвият дар иттиҳоде ки ҷаноби Путин пешниҳод кардаст, омода нест. Барзе аз кишварҳо хостори дақиқ шудани ҷузъиёти созишномаанд ва бархи дигар бар инанд, ки нахуст бояд натиҷаи кори Иттиҳоди гумрукиро санҷид. Муҳимтарин масъала дар ин раванд он хоҳад буд, ки кишварҳои узв маҷбур хоҳанд гашт, дар тасмимгириҳои худ ба ниҳодҳои фародавлатии иттиҳод тобеъ шаванд.

Интизор меравад, дар ҳамин ҷаласа масъалаҳои марбут ба оғози кори Кумиссюни иқтисодии Авруосиё, ки аввали моҳи феврал таъсис ёфта, як ниҳоди болотар аз ҳукуматҳои миллист ва аз тарафи намояндаи Русия, Виктор Христенко сарварӣ мешавад, мавриди гуфтугӯ қарор гиранд. Дафтари матбуоти Кремл ишора кардааст, ки ин кумиссюн ба як “ниҳоди муҳими маъмурӣ ва ҳамоҳангсози Иттиҳоди гумрукӣ ва қаламрави ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё” табдил хоҳад шуд ва суръати ҳамоишро дар ду эътилоф -- Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус, Қазоқистон ва Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё ба ҳам наздик хоҳад кард. Вале ба ақидаи коршиносон, дар ҳоле ки Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳамбастагии иқтисодии се кишвар таъсири умда дорад, Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё бо вуҷуди 10 соли мавҷудияташ ба пешрафти муҳиме ноил нагаштааст. Бо вуҷуди ин намояндаи раёсатҷумҳурии Русия ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, Кремл ба рушди ҳамкориҳо дар формати Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё бартарии бештар қоил аст ва онро аввалиндараҷа мешуморад.

Дар ҳошияи нишасти 19-уми март дар Маскав раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев бо ҳамтоёнаш аз Украина ва Беларус гуфтушунид хоҳад кард. Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович умедвор аст, ки бо Маскав масъалаи душвори марбут ба импорти гази Русияро ҳал кунад. Эҳтимол дорад, дар мулоқоти ғайрирасмии президентҳо, ки дар поёни ҳамоиш ба вуқӯъ меояд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев масъалаҳои марбут ба ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва коҳиши боҷи гумрукии Русия ба экпорти фуровардаҳои нафтиро баррасӣ кунад. Вале ин дар ҳолест, ки кумиссюни байнидавлатии таҳияи қарордоди нави ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон хулосаи худро эълом надоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG