Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷори Ҳалаб дар Сурия 25 нафар кушта шудаанд


Фаъолони Сурия мегӯянд, рӯзи якшанбе дар инфиҷори баме дар шаҳри Ҳалаби ин кишвар 25 нафар кушта шудаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, бамгузорон бинои почтаро дар маҳаллаи Сулаймония ҳадаф қарор додаанд. Дар ин маҳалла аслан масеҳиҳо ба сар мебаранд. Матбуоти давлатӣ гуфтааст, ин инфиҷор дар байни ду бинои иқоматӣ рух додааст. Як рӯзи пеш ду мошине, ки дар он маводи мунфаҷира кор гузошта шуда буд, дар Димишқ-пойтахти Сурия мунфаҷир шуд, ки бар асари он 27 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG