Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳо дар назди манораи Останкинои Маскав


Боздоштҳо дар назди Останкино

Боздоштҳо дар назди Останкино

Бино ба гузориши бахши русии радиои Озодӣ, пулиси Маскав тақрибан 100 нафарро, ки дар тазоҳуроти эътирозии назди манораи телевизионии Останкино ширкат доштанд, боздошт кардаст. Ин тазоҳурот ғайриқонунӣ дониста мешавад. Шабакаи телевизионии НТВ, ки зери назорати давлат қарор дорад, ҳамин ҳафта дар барномаи хабарии худ гуфтааст, ки мухолифон аз Амрико пул гирифтаанд ва ба мардум пардохт кардаанд, то онҳо дар тазоҳуроти эътирозии зидди Владимир Путин ширкат ҷӯянд. Гурӯҳи чандсаднафарӣ рӯзи якшанбе дар назди манораи Останкино гирд омадаанд ва чунин шиор медоданд: “Шарм ба НТВ” ва “Русия бидуни Путин”. Борис Немтсов ва Сергей Удалтсов-раҳбарони мухолифон бо тазоҳуркунандагон ҳамроҳ буданд, вале пулис онҳоро ба тарафе бурдааст.
XS
SM
MD
LG