Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифон манораи Останкиноро ба ҳалқаи худ мегиранд


Мухолифони давлати Русия мегӯянд, ки Останкино-манораи аслии телевизиони Маскавро ба ҳалқаи худ мегиранд. Ин тасмими онҳо дар ҳоле эълон шудааст, ки гузоришҳо мухолфонро дар бозиҳои ифлоси ҷараёни интихоботи 4 марти раёсати ҷумҳурӣ гунаҳгор донистаанд. Шабакаи телевизионии НТВ, ки зери назорати давлат қарор дорад, ҳамин ҳафта дар барномаи хабарии худ гуфтааст, ки мухолифон аз Амрико пул гирифтаанд ва ба мардум пардохт кардаанд, то онҳо дар тазоҳуроти эътирозӣ ширкат ҷӯянд. 1500 нафар дар як сафҳаи Facebook, ки онро мухолифон боз кардаанд, изҳори омодагӣ карда буданд, ки дар тазоҳуроти эътирозии Останкино ширкат меҷӯянд. Гурӯҳи ҷонибдорони Путин низ гуфтааст, ки рӯзи якшанбе ба назди ҳамин манораи телевизион меояд.
XS
SM
MD
LG