Пайвандҳои дастрасӣ

“Иттиҳодияи тоҷикони Русия” якҷоя бо ҷамъияти “ОриёнТоҷ”-и шаҳри Ижевск ҷашни Наврӯзро баргузор карданд.

“Иттиҳодияи тоҷикони Русия” аз соли 2009 ба ин сӯ бо навбат дар минтақаҳои мухталиф базмҳои муштараки наврӯзиро баргузор мекунад. Ин навбат ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ижевски Удмуртия барпо гардид. Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Абдулло Давлатов, раиси созмони “Иттиҳодияи тоҷикони Русия” дар бораи барномаҳои ин ҷашн пурсидем.

Абдулло Давлатов: "Дар ин ҷашн мусобиқаи гӯштигирӣ эълон шуда буд. Аз вилоятҳои Ярославл, Набережние Челнӣ, Қазон, Нижний Камск, Перм, Оренбург, Екатеринбург ва Кемеровову Маскав дар ин ҷашн намояндаҳо ширкат доштанд. Аз сафорати мо дар Русия ҳам намоянда омада буд. Инчунин, пӯхтани суманак ва намоишгоҳи либосҳои миллӣ, китобҳои тоҷикӣ, рӯзномаҳои тоҷикӣ ташкил шуд. Дар китобхонаи ба номи Некрасови шаҳри Ижевск ҳам шиносоии мардуми таҳҷоӣ бо адабиёту фарҳанги тоҷикон баргузор гардид."

Радиои Озодӣ: Наврӯзи имсола дар Ижевск аз наврӯзҳое, ки ду соли гузашта дар Набережний Челни ва Перм баргузор кардед, то куҷо фарқ доштанд? Беҳтар буд?

Абдулло Давлатов: "Бояд иқрор кард, сатҳи Наврӯзе, ки имсол мо баргузорр кардем, камтар пасттар буд. Бо вуҷуди ин, мо аз ҳукумтдорони маҳаллӣ сипосгузорем, ки онҳо толор барои гӯштигирон, толор барои консерт ва толор барои дастархони наврӯзиро бо шароити хуб дар ихтиёри мо гузошта буданд. Мушкил аз худи ҷамъиятҳои муҳоҷирони корӣ буд. Аз минтақаҳои зиёд намояндаҳо даъват шуда буданд, вале бо мушкилоти техникӣ ҳамаи онҳо омада натавонистанд."

Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз ҷамъияти тоҷикон мардумони дигаре, ки Наврӯзро ҷашни миллии худ медонанд, дар ин ҷашн ширкат доштанд?

Абдулло Давлатов: "Ин ҷашни худи мо буд ва мо “Иттиҳодияи тоҷикони Русия” ташкил кардем. Аммо дар маъракае, ки гузашт, намояндагони тоторҳо, удмуртҳо, русҳо, яҳудиҳо ва миллатҳои дигар ҳам омаданд. Онҳо дар ин ҷашн бо барномаҳои мусиқии худ мо тоҷиконро ба муносибати фарорасии Наврӯз тарик карданд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG