Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ мехоҳад роҳҳои содироти нафтро тағир диҳад


Ҳукумати Ироқ тасмим гирифтааст, ки роҳҳои интиқоли нафт ба хориҷро тағир медиҳад, то имкони бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз дар хатҳои обии сӯи Бағдод таъсир нарасонад. Алӣ Даббоғ-сухангӯи ҳукумати Бағдод гуфт, ба нақша гирифта шудааст, ки содироти нафт дар имтидоди лулаи нафти Туркия ва аз роҳҳои заминӣ афзоиш ёбад. Дар ин пешниҳодҳо ҳамчунин дубора боз кардани лулаи Баниас-Троблус, яъне миёни Сурия ва Либия низ дохил мешавад. Ин лула аз соли 1990 ба ин сӯ баста шудааст. Эрон таҳдид кардааст, ки дар ҷавоб ба таҳримҳои Аврупо ба интиқоли нафт тавассути киштиҳо аз роҳҳои обии гулӯгоҳи Ҳурмуз монеа эҷод мекунад.
XS
SM
MD
LG