Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми қатли ду нафар дар Беларус иҷро шуд


Дар Беларус ҳукми қатли ду мард иҷро шудааст. Тибқи қонуни ин кишвар ба пушти сари ҳар кадоме аз онҳо як тирӣ задаанд. Ин ду нафар бо номҳои Уладислав Кавалёв ва Дмитрий Канавалёв барои бамгузории соли 2011 дар метрои шаҳри Минск гунаҳгор дониста мешуданд. Бо вуҷуди мухолифатҳо ва эътирозҳои байналмиллалӣ аз гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Аврупо мақомоти Беларус ин ҳукмро ба иҷро даровардаанд. Уладислав ва Дмитрий 26 сола буданд. Гуйдо Вестервелле-вазири корҳои хориҷаи Олмон ин амалро маҳкум кард. Додгоҳ моҳи ноябри соли гузашта барои бамгузорӣ дар истгоҳи “Октябр”-и метрои Минск ба ин ду нафар ҳукми қатл содир кард. Дар ин бамгузорӣ 15 нафар кушта, тақрибан 300 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG