Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти тоҷику қирғиз мегӯянд, ҳанӯз тақрибан 50 дарсади марзи миёни ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.

Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи якшанбе (18-уми март) гуфт, қарор аст, як ҳайати ин кишвар барои идомаи музокира бо ҳамтоёни қирғизашон дар масъалаи ташхису аломатгузории хатти марзи муштараки ду кишвар озими Бишкек шаванд.

Раёсати мазкур иттилоъ медиҳад, ки то ҳол беш аз 50 дарсади хатти марзи муштарак ташхис карда шудааст. Аммо вуҷуди минтақаҳои алоҳида (анклавҳо)-и тоҷикнишин дар мазеъҳои марзии Қирғизистон ва минтақаҳои қирғизнишин дар ҳудуди Тоҷикистон кори ташхису харитасозии хутути марзи муштаракро печидатар кардааст.

Ниҳодҳои Қирғизистон низ ба ин нукта ишора мекунанд, ки ҳанӯз масъалаҳои печида дар роҳи ташхису аломатузории марзи муштарак вуҷуд дорад. Зокир Тиленов, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, дар минтақаҳои Овчӣ-Қалъача ва Қистақӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки миёни вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон қарор дорад, корҳои таҳқиқотӣ анҷом дода шуд.

Ба қавли Зокир Тиленов, гурӯҳи кории ҳар ду кишвар ба тозагӣ амалиёти топографӣ, яъне бар рӯи харита ташхис кардани хатти марзро низ ба поён расондаанд. Имтидод (дарозӣ, тӯл)-и марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон наздики ҳазор километрро дар бар мегирад, ки ҳудуди 470 километри он ҳанӯз ташхис ва аломатгузорӣ нашудааст.

Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон шумурда мешавад. Бори аввал, соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, ин баҳс вирди забонҳо шуд. Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват кардаанд.

Тоҷикистон ба ҷуз Қирғизистон, бо Узбакистон низ баҳсҳои марзӣ дорад, аммо бо назардошти мухолифатҳои солҳои ахир, танҳо 20 дарсади марз бо ахирӣ баҳснок мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG