Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Маскав даҳҳо мухолифро боздошт кард


Рӯзи шанбе пулиси Маскав даҳҳо нафарро дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии мухолифони давлат боздошт кард. Барои баргузории ин тазоҳурот мақомоти Маскав иҷоза надода буданд. Мухолифон бар зидди боздошти фаъолони сиёсии худ эътироз мекарданд. Хабаргузории РИА Новости гузориш медиҳад, пулис фаъолонеро, ки дар дасташон шиору тасвирҳо доштанд, баъди ба тазоҳурот пайвастани Борис Немтсов ва Сергей Удалтсов аз майдон рондаанд. Немтсов ба тазоҳуркунандагон гуфт, бояд раҳоии фаъолони боздоштшударо талаб кунанд.
XS
SM
MD
LG