Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи журналистон бо баргузории як ҳамоиш рӯзи шанбе ҷоизаи ба номи Лоҳутиро ба барандагони он тақдим кард.

Маросими тақдими ҷоиза дар ҳузури садҳо тан аз хабарнигорону рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар дар ресторани "Канд" баргузор карда шуд.

Дар ибтидои маросими тақдими ҷоиза ва мукофотҳо, Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аз нишастагон даъват кард, ки як лаҳза ба хотири журналистоне, ки тайи ду даҳсолаи ахир бо сабабҳои мухталиф ҷон додаанд, сукут кунанд.

Сипас дар мавҷи кафкӯбиҳо раиси Иттиҳодияи журналистон ба даҳ нафар аз намояндагони васоити ахбори умуми Тоҷикистон, аз ҷумла хабарнигори радиои «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзод, Абдуғаффори Камол, корманди телевизони Тоҷикистон, Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили «СССР», Игор Сатторов, сухангӯи «ТАЛКО», Гавҳар Умарова собиқ корманди телевизиони Тоҷикистон ҷоизаи Лоҳутиро тақдим кард.

Барои нахустин бор аст, ки дар як сол ҳамзамон 10 нафар барандаи ин ҷоиза шудаанд. Умари Шерхон, раиси Комиссияи ҷоизаи Лоҳутӣ гуфт, ки бо фарқ аз солҳои пешин, дар ин сол саъй карда шуд, ки бештар аҳли қалам
қадр карда шавад Ба қавли вай, дар соли гузашта ҳамагӣ 6 рӯзноманигор соҳиби ҷоизаи Лоҳутӣ шуда буд: «Барои мо истисно набуд. Бубинед, ҳам намояндаҳои расонаҳои хусусӣ ва ҳам давлатӣ барандаи ҷоиза шуданд. Имсол ба муносибати 100-солагии матбуоти Тоҷикистон талош кардем, ки журналистон бештар соҳибҷоиза шаванд. Матлабҳо ба комиссия бисёр расид, яъне довталабон бисёр буданд.»

Яке аз барандагони ҷоиза Абдуғаффори Камол, корманди шинохтаи телевизони Тоҷикистон барои силсилабарномаи телевизионии «20 дар 20» дар шабакаи «Ҷаҳоннамо», ки бо шахсиятҳои аввали ниҳодҳои кишвар ва бо чеҳраҳои сиёсӣ бо суолҳои мухталиф барои 20 дақиқа сӯҳбати тунд анҷом медод, барандаи ин ҷоиза дониста шудааст.

Сӯҳбатҳои Абдуғаффор Камол аз шеваи маъмулӣ ва беранги барномаҳои телевизони тоҷик фарқ мекард. Даъват намудани як шахси масъул ва бо суолҳои ғайри мунтазира ба баҳс кашидан кори аҳлу осон набудааст: «Мо саъй мекардем, ки мусоҳибаҳои мо аз мусоҳибаҳои маъмулии телевизонӣ фарқ дошта бошанд. Мо суолҳои шӯхиомез ва ё пурсишҳои ҷиддие вобаста ба фаъолияти Абдуғаффори Камол

Абдуғаффори Камол

шахси масъул медодем, ки интизор надошт. Ташкилу даъвати шахсҳои масъул осон даст намедод. Мо як дафъа барои даъвати як шахси масъул ду моҳ талош кардем. Вале мо воқеан муваффақ шудем, ки ҳамин гуна барномаи ҷолибро роҳандозӣ кунем ва муваффақ шавем.»

Ҳамасола ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ дар рӯзи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки баробар ба 11-уми март мебошад, ба барандагон супурда мешуд.

Аммо Акбаралӣ Саторов гуфт, ки Иттиҳоди журналистон аз қабл тасмим гирифт, ки маросими тақдими ҷоизаро имсол дар як рӯзи хос ва дар як маҳфили вижа барои журналистон баргузор кунад, то онҳо тавонанд озодтар аз як нишасти расмӣ бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG