Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркманистон дар бораи хабарнигорони Озодӣ


Ҳукумати Туркманистон хабарнигорони радиои Озодиро муттаҳам кардааст, ки бидуни сабти ном дар ин кишвар бо корҳои хабарнигорӣ машғул шудаанд. Вепо Ҳадяев-муовини вазири корҳои хориҷаи Туркманистон рӯзи ҷумъа дар мулоқоти СММ дар ин бора изҳори ақида кард. Ба гуфтаи вай, ин рӯзноманигорон шаҳрвандони Туркманистон будаанд ва дар ин кишвар барои фаъолияти худ сабти ном надоранд. Вай фаъолияти онҳоро дар чунин ҳолат хориҷ аз қонунҳои мавҷудаи кишвар хондааст. Ҳадяев дар дуввумин ва охирин рӯзи ҷаласаи Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ дар Нию Йорк суханронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG