Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Беларус Улад Кавалёвро эъдом карданд


Модар ва хоҳари Улад Кавалёва баъд аз хабари эъдом

Модар ва хоҳари Улад Кавалёва баъд аз хабари эъдом

Дар Беларус Любов Кавалёва-яке аз модарони ду ҷавоне, ки барои бамгузорӣ дар метрои шаҳри Минск гунаҳгор дониста шуданд, мегӯяд, ки ҳукми эъдоми фарзанди вайро иҷро кардаанд. Дар ин бамгузорӣ 15 нафар кушта, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуда буданд.

Хонум Кавалёва ба хабаргузории РИА Новсти гуфтааст, вай дар бораи эъдоми писараш Уладислав Кавалёв номаи расмӣ гирифтааст. Татяна Кавалёва-духтари вай ба бахши беларусии радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Мо ҳамин ҳоло аз почтаамон ёддоште гирифтем. Аз Додгоҳи Олӣ, аз таърихи 16 март дар ин бора, ки ҳукм иҷро шудааст. Онро модарам гирифт. Онҳо вайро куштаанд. Ҳама чиз дигар пучу бефоида аст”.

Ин хабар дар ҳоле пахш мешавад, ки рӯзи ҷумъа Любов Кавалёва-модари Уладислав ба радиои Озодӣ гуфт, вай аз Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус хостааст, ки ҳади ақал барои як соли дигар ин ҳукмро иҷро накунанд, яъне то замоне, ки писари вай ба дархости худ аз Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ ҷавоби номаашро дар бораи ҳукми қатл бигирад.

Рӯзи ҷумъа Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Беларус хост, ки Уладислав Кавалёв ва Дмитрий Канаваловро барои бамгузории соли гузашта дар метрои Минск эъдом накунанд.
XS
SM
MD
LG