Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул мегӯяд, дархосташ аз солҳои пеш матраҳ будааст


Кобул мегӯяд, дар дархости Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон роҷеъ ба хуруҷи нируҳои Амрико аз деҳоти Афғонистон “нуктаи нав”-е нест. Аймал Файзӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе ба радиои Озодӣ гуфт, Ҳомид Карзай ин масъаларо аз муддатҳо қабл матраҳ карда буд:

“Мавзеъгирии Афғонистон ва раиси ҷумҳурии Афғонистон аз солҳо ба ин тараф ин будааст, ки нируҳои хориҷӣ аз деҳоти Афғонистон берун раванд ва дар пойгоҳҳои худ мустақар шаванд, ҷое ки бештар зарураташон аст. Бо гузашти даҳ сол мо мутмаин ҳастем, ки нируҳои амниятии кишвари худамон метавонанд амнияти рӯзмарраи мардуми Афғонистонро таъмин кунанд”.

Рӯзи ҷумъа Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико телефонӣ бо Ҳомид Карзай сӯҳбат кард. Онҳо дар бораи ҳар чӣ бештар дар ихтиёри нируҳои Афғонистон гузоштани амнияти ин кишвар дар давоми соли 2013 гуфтугӯ карданд. Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ то поёни соли 2014 Афғонистотнро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG