Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷори ду бам биноҳои амниятии Сурияро таккон дод


Тибқи хабари телевизиони давлатии Сурия, рӯзи шанбе инфиҷори ду бам биноҳои амниятии ин кишварро дар Димишқ ба ларза даровардааст. Дар бораи шумораи куташудагон маълумоти дақиқ дастрас нест. Вале гуфта мешавад, ки чанд нафар аз кормандони пулис ва шаҳрвандон ба қатл расидаанд. Инфиҷор маркази пулиси мубориза бо ҷурму ҷиноёт ва дафтари Хадамоти кашфи Сурияро таккон додааст. Бино ба хабарҳо, як мошини бамгузоришуда дар назди бино таркидааст. Дар чунин бамгузориҳо дар моҳи декабр ва январ даҳҳо нафар дар Сурия ба қатл расидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG