Пайвандҳои дастрасӣ

Хонуме дар Тюмен аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кӯмак мехоҳад


Шоми дирӯз як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Манзура Давлатова аз шаҳри Тюмени Русия ба радиои Озодӣ нома навишта дархост кардааст, ки ба вай кӯмак кунанд. Вай дар тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, корфармо муфлис шудааст ва чанд моҳи ахир дастмуздашро дода натавонистааст. Ба сабаби ин, ки Давлатова пули иҷораро пардохт карда наметавонад, дар ин шабонарӯзҳо соҳиби хона калиди хонаро аз вай мегирад ва вай бо кӯдаконаш дар кӯча мемонанд. Шоҳназар Табаров-намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳавзаи Урал ба радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба Давлатова ва кӯдаконаш дасти кӯмак дароз мекунанд.
XS
SM
MD
LG