Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи сарбозеро, ки 16 нафарро парронд эълон карданд


Мақомоти низомии Амрико номи сарбози амрикоиеро, ки дар як деҳаи вилояти Қандаҳори Афғонистон 16 нафар сокинонро парронда буд, эълон карданд. Ин сарбоз Роберт Бейлз ном дорад. Бейлзро ҳоло маҳкум накардаанд. Вай ба боздоштгоҳи низомӣ дар Левенворси чаҳорум, воқеъ дар вилояти Канзас интиқол дода шудааст. Пештар низомиёни Амрико гуфта буданд, шахсе, ки ба тирандозии ғазаболуд даст задааст, сержанти 38 сола аст ва дар артиш 11 сол хидмат кардааст.
XS
SM
MD
LG