Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ИМА номи сарбози амрикоиеро, ки дар куштани 16 фарди осоиштаи афғон гумонбар дониста мешавад, эълон карданд.

Бино ба гузоришҳо, ин сарбоз ки Роберт Балес ном дорад, мустақиман дар қатли ин шонздаҳ нафар муттаҳам шудааст. Вай рӯзи ҷумъа аз Кувайт ба як боздоштгоҳи низомӣ дар Амрико мунтақил шудааст. Пештар мақомоти амрикоӣ ин фардро як афсари 37-сола эълон карда буданд, ки 11 сол дар артиш хизмат кардааст.

Кушта шудани 16 фарди ғайринизомӣ дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дар рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ танишҳои наверо миёни Кобул ва Вошингтон дар пай дошт.
Ҳомид Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа вазорати дифои Амрикоро муттаҳам кард, ки дар ин замина ҳамкории лозимро анҷом намедиҳад.

Вай гуфт, мақомоти амрикоӣ бо ҳайате, ки аз Кобул барои пажӯҳиши воқеа ба Қандаҳор фиристода шуд, ҳамкорӣ накардаанд. Карзай ҳамчунин ин масъаларо зери суол бурд, ки дар куштор танҳо як сарбоз ширкат кардааст.

Бино ба хабарҳо, ин низомии амрикоӣ шабона аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзил дар деҳаи Аликозай ҳамла кардааст. Аз тири ӯ, аз ҷумла, занону кӯдакон низ кушта шудаанд. То ҳанӯз ангезаи ҳамлаи сарбози амрикоӣ ба мардуми осоишта рӯшан нашудааст.

Аз ин пеш, низомиёни воломақоми НАТО ва сафорати ИМА дар Кобул ҳам изҳор карда буданд, ки муҷрими ин ҳодиса боздошт шудааст ва ҳатман муҷозот хоҳад шуд.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам қатли сокинони осоиштаи деҳаи Аликозайи улусволии Панҷвои Қандаҳорро “ҳамлаи террористӣ” ва “нобахшиданӣ” номида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG