Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Аннан ба тасмими Шӯрои Амният дар мавриди Сурия


Дипломатҳои Созмони Милал мегӯянд, фиристодаи вижа дар умури марбут ба бӯҳрони Сурия Кофӣ Анон аз Шӯрои Амният даъват кардааст, аз бунбаст дар ин масъала барояд ва талошҳои худро барои хотима додан ба хушунатҳои марговар дар Сурия муттаҳид кунад. Вай хостори паёми қавитар ва воҳид ба тағйири имкониятҳо дар қатъи хушунат мусоадат мекунд. Даъвати Анон дар ҳоле садо медиҳад, ки ду узви доимии Шӯрои Амният Русия ва Чин аз тавсиби қатъномаҳои қаблии шӯро дар масъалаи Сурия худдорӣ кардаанд. Сомзони Милал мегӯяд, аз оғози ошӯбҳои Сурия то ҳоло 8000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Гуфтугӯи видеоии Анон бо Шӯрои Амният аз Женева ва зимни сафари ахири ӯ ба Димишқ баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG