Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Карзай аз бархӯрди амрикоиҳо ба куштори 16 нафар


Раисиҷуҳмури Афғонистон Ҳомид Карзай Иёлоти Муттаҳидаро айбдор кард, ки дар таҳқиқи қатли 16 шаҳрванди Афғонистон аз тарафи сарбози амрикоӣ ҳамкорӣ намекунад. Вай гуфт, мақомоти амрикоӣ бо ҳайате, ки аз Кобул барои пажӯҳиши воқеа ба Қандаҳор фиристода шуд, ҳамкорӣ накардаанд. Карзай ҳамчунин ин масъаларо зери суол бурд, ки дар куштор танҳо як сарбоз ширкат кардааст. Куштори 11-уми март дар равобити Кобулу Вашингтон ташаннуҷи нав ба миён овардааст. Он чанде баъд сӯзонда шудани нусхаҳои Қуръон, китоби муқаддаси мусулмонон дар пойгоҳи Амрико дар Баграм, шимоли Кобул ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG