Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Президенти мунтахаби Русия Владимир Путин борҳо ҳамчун “марди заминӣ” зуҳур намуда, дар ҳодисаҳо бо иштироки ҳайвонҳои ваҳшӣ нақши муҳим бозидааст.

Вале коршиносони соҳаи ҳайвоншиносӣ мегӯянд, ҳадди ақал як ҳайвон ва он ҳам паланги ваҳшӣ баъди ба истилоҳ “мулоқоташ бо Путин” ба ҳалокат расидааст.

Бештар аз он коршиносон мегӯянд, паланги ваҳширо аз боғи ҳайвонот беҳуш намуда, ба ҷангал бурда буданд, то сарвазир Путин дар назди хабарнигорон бо тири нишонрас ӯро мадҳуш намояд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ ин коршиносон таъкид кардаанд, ки миқдори зиёди давоҳои беҳушкунанда, боиси марги ин паланг шудааст.

Одатан ҳайвоноти ваҳшие, ки ба мулоқот бо Владимир Путин сарвазири феълӣ ва президенти мунтахаби Русия мушарраф шудаанд, ҳаёти осуда доранд.

Соли гузашта дар як амалиёт дар ҳузури сарвазир Путин мақомот аз шикорчиёни дузд як бабрро наҷот доданд. Ҳоло ин бабр, ки Монгол номд орад, рамзи бозиҳои олимпии зимистони соли 2014-ум дар шаҳри Сочии Русия мебошад.
Соли 2010-ум бошад, дар сархатти расонаҳои хабарӣ аксҳои Путин бо як хирси сафеди мадҳушро ҷо дода буданд ва сарвазири Русия ӯро “соҳиби Арктика “ унвон дод.

Пеш аз он соли 2008-ум шабакаҳои телевизионии Русия наворҳоеро намоиш дода буданд, ки дар он Путин бо дасти худ ба гардани паланги ваҳшии мода бо номи Серга ҷиҳози назорати ҳаракат насб мекард. Ин аст порае аз он навор: “ Владимир Путин тасмим гирифт, ки домро аз наздик тафтиш кунад. Ӯ дар пайраҳа ҳамон лаҳзае пайдо шуд, ки паланги мода мехост ҷаҳиш кунад. Бо тири мадҳушкунанда ба китфи рост Путин палангро аз пой афтонд.”

Соли 2009-ум нашрияи “Владивосток” навишта буд, ки баъди мулоқот бо Путин, Серга се паланг ба дунё овард.
Вале баъзе коршиносони рус дар блогҳои худ навиштаанд, аслан Серга, ки ҳамчун “Паланги Путин” ном баровардааст, ҳайвонест, ки дар мулоқот бо Путин ҳузур надоштааст. Онҳо мегӯянд, барои мулоқот бо Путин як палангро аз боғи ҳайвонот мадҳуш намуда, ба ҷангал бурданд ва баъди наворгирӣ ин паланг ба худ наомада, вафот кард.


Дмитрий Молодсов, муҳандиси экологӣ ва поягузори сомонае бахшида палангҳову гурбаҳои ваҳшӣ бо ишора ба аксҳо дар иннтернет мегӯяд, аслан паланге, ки ба мулоқот бо Путин бурда буданд, Аралия ном дошта, ӯро шаш соат пеш аз сафари Путин дар ҳоли мадҳушӣ дар дохили дом ҷойгир карда буданд.

“Агар шумо ба аксҳои гуногуни Серга-ҳамон паланге, ки паланги Путин ном гирифтааст, назар кунед, мебинед, ки ин ҳайвони дигар аст. Ман аз рӯи гули пашми паланг ҳарф мезанам. Вобаста ба фасли зимистону тобистон пашм каму зиёд ва хатҳои сафеди он каме возеҳ ва ё тира мегарданд, вале ба истилоҳ гули он тағйир намеёбад. Паланге, ки ҳамроҳ бо Путин нишон дода буданд, ба қавли баъзе шоҳидон Аралия ном дошта, гули пашми он дигар аст.

Агар ин иддао дар бораи паланги ваҳшии қалбакӣ собит шавад, он имиҷи марди заминиву дӯстдори табиат, ки Путин тӯли солҳо бунёд намудааст, эҳтимоли зиёд дарҳаму барҳам хоҳад шуд.

Умуман, имиҷи Путин хеле бештар аз танҳо “марди заминӣ”-ст. Ӯ ҳам дар ҳавопаймоҳои ҷангӣ парвоз мекунаду ҳам дар киштиҳои зериобӣ шиноварӣ.
Чанде пеш Путин ба ковишҳои зерибаҳрӣ пайваста, аз қаъри баҳри Сиёҳ кӯзаҳои қадими юнониро рӯи об бароварда буд. Баъди ин ҳодиса латифаҳои зиёде пайдо шуданду бисёриҳо суол мекарданд, ки чӣ гуна як гурӯҳи шиноварони касбии зериобӣ кӯзаҳоро надиданду Путин бо як сайри зериобӣ онро пайдо кард.

Билохира, сухангӯи Путин Дмитрий Песков эътироф кард, ки мӯъҷизаи кӯзаҳои қаъри баҳри Сиёҳ чизе бештар аз саҳнасозӣ набудааст. Аммо дар ҳар сурат Путин дар байни ҳомиёни ҳуқуқи ҳавоноти ваҳшӣ ҳаводори бисёр дорад.

Наталия Ременникова, ҳамоҳангсози барномаи ҳифзи паланги сибирӣ мегӯяд, Путин воқеан бо Серга вохӯрда буд ва ин паланг ҳоло ҳам дар қайди ҳаёт аст: “Серга ҳамон палангест, ки Путин бар гарданаш ҷиҳози назорат насб карда буд. Ин паланги мода зинда аст ва сиҳату саломат дар мамнуъгоҳи Усурийск ба сар мебарад. Мардуме, ки иттилоъ надоранд ва ба хусус онҳое, ки дар илму пажӯҳиш чизеро намефаҳманд, саъй доранд, ки масъаларо сиёсӣ кунанд.”

Аммо ин посухи Ременникова мардуми зиёдеро қаноат набахшидааст. Ҳоло Молодсов тасмим гирифтааст, ки сарнавишти бабри Монголро таҳқиқ кунад. Ӯ мегӯяд, умедворам, ки ин бабр воқеан зинда аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG