Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта мегӯяд, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зидди Эрон аст


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ин нахустин бор аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мухолифат ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон як ҷабҳаи воҳидро ташкил медиҳад. Дар мусоҳиба бо телевизиони ал-Ҳурра, ки аз тарафи Амрико сармоягзуорӣ мешавад, Леон Панетта гуфт, таҳримҳои сахти байнулмилалии дипломатӣ ва иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ таъсир доранд. Вай ҳамзамон гуфт, бовар надорад, ки Исроил дар бобати зарба ба иншооти ҳастаии Эрон тасмими ниҳоӣ гирифта бошад. Панетта гуфт, Вашингтон ҳамчунин ба ин бовар аст, ки ҳалли дипломатӣ бо Теҳрон имконпазир аст. Ҳукумати Эрон иттиҳоми таслиҳротӣ будани барномаи ҳастаияшро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG