Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ аз модари духтари ивазшуда ҳимоят кард


Додгоҳи Русия ба Юлия Беляева, ки духтараш сонияҳое пас аз таваллуд бар асари иваз шудан дар зоишгоҳ 13 сол аст, дар як оилаи тоҷик тарбия мебинад, ҳаққи модарӣ дод. Бо иҷозаи ин додгоҳ дар шаҳодатномаи таваллуди Аня, номи модари биологияш сабт мешавад. Соли гузашта маълум шуд, ки Беляева дар ивази духтари биологияш фарзанди касро парвариш мекарда ва духтари худаш дар оилаи тоҷик ба воя мерасад. Сарвари ин оила Неъмат Искандаров, гуфт, ҳарчанд дар шаҳодатномаи Аня номи Беляева сабт мешавад, аммо худи духтар ба дидорбинӣ ва зиндагии муштарак бо модараш рағбат надорад. Вай афзуд, духтар Мадина ном дорад, на Аня.
XS
SM
MD
LG