Пайвандҳои дастрасӣ

Президент ба 352 корманди ниҳодҳои қудратӣ хона дод


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи 4 бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе калиди 352 манзилро ба кормандони вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Горди миллӣ, нерӯҳои марзбон, Додситонии кул ва Оҷонси назорат бар маводи мухаддир тақдим дошт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсутҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раҳмон аз сифати сохтмон ва ороиши биноҳи ситоиш намуд ва аз соҳибони манзилҳои навро ба “хизмати софдилонаю содиқона ва муҳимтар аз ҳама муомилаю муносибати хуб бо мардум” даъват кард.
XS
SM
MD
LG