Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар суқути чархболи Туркия 12 сарбоз кушта шудаанд


Ҳарбиёни Туркия гуфтанд, 12 сарбози ин кишвар дар суқути чархболи ҷангӣ дар Кобул ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Афғонистон инчунин аз ҳалокати ду афғон дар зери шикастпораҳои чархбол дар минтақаи Багромии Кобул хабар додаанд. Фармондеҳии НАТО дар як изҳорот гуфтааст, дар ин минтақа ҳеҷ амалиёти ҳарбие ҷараён надошт. Туркия дар Афғонистон 1800 сарбоз дорад, ки дар ҳайати нерӯҳои НАТО асосан дар наздикии Кобул мустақаранд.
XS
SM
MD
LG