Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Русия ба Юлия Беляева, ки духтараш 13 сол аст, дар як оилаи тоҷик тарбия мебинад, ҳаққи модарӣ дод.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Неъмат Искандаров, ки ҳанӯз сездаҳ соли пеш духтари навзодаш бо тифли Беляева иваз шуда буд, хабар дод.

Бо иҷозаи ин додгоҳ дар шаҳодатномаи таваллуди Аня, номи модари биологияш сабт мешавад. Соли гузашта маълум шуд, ки Беляева дар ивази духтари биологияш фарзанди Неъмат Искандарови тоҷикро парвариш мекарда ва духтари худаш дар оилаи тоҷик ба воя мерасад.

Сарвари ин оила Неъмат Искандаров, гуфт, ҳарчанд дар шаҳодатномаи Аня номи Беляева сабт мешавад, аммо худи духтар ба дидорбинӣ ва зиндагии муштарак бо модараш рағбат надорад.

Юлия Беляева, модари яке аз духтароне, ки ҳанӯз 13 сол пеш дар зоишгоҳи Копейски вилояти Челябинск иваз шудаанд, қаблан додгоҳ шикоят бурда буд. Ӯ талаб мекард, ки додгоҳ ҳуқуқи модарияшро барқарор намояд, яъне духтари биологии худро соҳиб шавад.

Хонум Беляева дар номаи шикоятии худ гуфтааст, аз шева ё тарзи тарбияи духтари биологияш дар хонаводаи тоҷикон нигарон аст. Қазияи иваз шудани духтари Юлия Беляева бо духтари Неъмат Искандаров, тоҷики муқими Копейск соли гузашта ошкор шуд.

Дар пайи муроҷиати онҳо, додгоҳ қазияро баррасӣ намуда, шифохонаи ин шаҳрро 6 миллион рубли русӣ ҷарима баст. Он вақт хонум Беляева бо хонаводаи Искандаровҳо мувофиқат карданд, ки дар паҳлуи якдигар хона бунёд карда, духтаронро якҷоя тарбия хоҳанд кард.

Неъмат Искандаров қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, Юлия мехоҳад духтари биологияшро, ки дар дасти хонаводаи Искандаровҳост, бо тарзи худаш, яъне русӣ тарбия кунад. Вай афзуд, "мо тоҷикон мусулмонем. Духтарҳои мо дар дискоклубу кинотеатрҳо беҳуда набояд гарданд. Пешдомани кӯтоҳу танг напӯшанд, вале ӯ мехоҳад духтарашро ҳамин тавр тарбия кунад.”

Неъмат он замон гуфта буд, ки Юлия ҳамчунин мехоҳад дар шаҳодатномаи таваллуди духтараш номи ӯ ҳамчун модар сабт шавад ва ӯ ҳар вақте хост бидуни иҷоза духтарро назди худаш бубарад. Ба қавли Искандаров, духтари ӯ Мадина ном дорад, на Аня, тавре ки Юлия ӯро ном мегирад. Худи духтар ҳеҷ хоҳиш надоштааст, ки бо модари билогиаш якҷоя бошад.

Неъмат Искандаров мегӯяд, "ин ҷо муҳим на назари ман аст, на аз Юлия Беляева. Муҳим назари духтарҳост, ки дар куҷо мехоҳанд зиндагӣ кунанд. Ҳоло духтарҳо дар куҷое, ки бузург шудаанд, дар ҳамон ҷо мехоҳанд зиндагӣ кунанд."

Ин тоҷики муқими Русия гуфт, қарор буд, ин ду хонавода дар наздикии ҳам хона бунёд кунанд, то рафтуомад осонтар шавад. Юлия пешниҳод кардааст, ки Неъмат хонаи заминиашро бо хонаи бисёрошёна дар назди манзили Беляева иваз кунад, вале ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ хонаи заминиашро бо манзили бисёрқабатта иваз карданӣ нест.

17 декабри соли 1998 дар яке аз таваллудхонаҳои шаҳри Копейски вилояти Челябински Русия завҷаи Неъмат Искандаров ва Юлия Беляева духтар ба дунё меоранд. Вале бо амри тақдир навзодҳо иваз мешаванд. Волидон тасодуфан баъди 12 сол аз иштибоҳи табибон огоҳ шудаанд. Юлия Беляева, ки аз шавҳараш талоқ гирифта буд, барои дарёфти алиментпулӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Шавҳари ӯ дар навбати худ аз Юлия хостааст, то ташхиси ДНК анҷом бидиҳанд, ки падарии ӯ исбот гардад. Додгоҳ мегӯяд, бино бар натиҷаи ташхис ҳам Юлия ва ҳам шавҳари ӯ волидони аслии Ирина набудаанд.

Юлия Беляева ва шавҳари ӯ бо кӯмаки пулис тавонистаанд, ки духтари аслии худро пайдо кунанд. Духтари аслии Юлия, тӯли ин муддат дар хонаводаи тоҷикон Искандаровҳо тарбия меёфт. Ҳамчунон ташхиси ДНК муайян карда буд, ки Юлия ва шавҳараш духтари аслии Искандаровҳоро ба воя мерасониданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG