Пайвандҳои дастрасӣ

Давлатҳои араби халиҷи Форс Асадро маҳкум карданд


Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ мегӯяд, ҳамаи шаш давлати узви он тасмим гирифтанд, сафоратҳои худро дар Димишқ ба нишони эътироз аз саркӯби марговари мухолифони раисиҷумҳур Башор Асад бубанданд. Раиси ин иттиҳод Абдулатиф ал-Зайанӣ гуфт, кишварҳои узв бо ин роҳ “қатли мардум” дар Сурия ва сарпечии сарони онро “аз ҳамаи ташаббусҳои ҳалли бӯҳрон” маҳкум мекунанд. Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ иттиҳоди Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар ва Кувейт аст.
XS
SM
MD
LG