Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ҳукми марбут ба нашрияи "Миллат"-ро лағв кард


Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи марбут ба ҳафтаномаи «Миллат»-ро бекор кард ва парвандаро ба таҳқиқи такрорӣ фиристод. Бино ба ҳукми моҳи марти соли гузашта нашрия бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибор ба пардохти 1500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ аз вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов маҳкум шуда буд. Баҳси додгоҳӣ замоне сар шуд, ки Вазорати кишоварзӣ як мақолаи «Миллат»-ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда, пардохти 1 миллион сомонӣ товонро талаб карда буд.
XS
SM
MD
LG