Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар суқути чархболи Туркия дар Кобул


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар суқути чархболи нерӯҳои ҳарбии Туркия дар Кобул 10 нафар ба ҳалокат расида, эҳтимолан ҳашт нафари онҳо аз сарбозони Туркия будаанд. Ба камияш ду нафари дигар дар замин, ҳангоми суқути чархбол дар минтақаи Баграмии Кобул ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, суқут зимни мушкилоти фаннӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Туркия дар Афғонистон 1800 сарбоз дорад, ки дар ҳайати нерӯҳои НАТО дар наздикии Кобул мустақаранд.
XS
SM
MD
LG