Пайвандҳои дастрасӣ

Тарма дар гарданаи Анзоб ҷони ду нафарро гирифтааст. Тибқи иттиллои Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар километри 79 ва 83-и роҳи Душанбе-Хуҷанд, аз зери тарма аҷсоди сокини 66-солаи ноҳияи Варзоб ва сокини 20- солаи ноҳияи Айнӣ ёфт ба пайвандони онҳо супорида шудааст. Роҳи Душанбе-Хуҷанд , ки аз тариқи гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон мегузарад бар асари резиши барф ва фаромадани тармаи зиёд баста мебошад. Назорат, нигаҳдорӣ ва тармиму таъмири ин роҳ ба ихтиёри ширкати Innovative road solutions (IRS), гузошта шудааст. Як корманди ин ширкат низ дар ду рӯзи қабл зери тарма рафта ва то ҳанӯз беасар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG