Пайвандҳои дастрасӣ

СММ изҳор намуд, ки як гурӯҳи муштараки Созмони ҳамкориҳои исломӣ, СММ ва ҳукумати Сурия ба шаҳрҳои ҷангзада сафар мекунад.

Ба гуфтаи хонум Валерӣ Амос, раиси идораи масоили башарии СММ, қарор аст, ки аъзои гурӯҳ рӯзи шанбе ба хотири арзёбии вазъи башарӣ аз шаҳрҳои Ҳумс, Ҳома, Лозиқия, Алеппо, Даръо, атрофи Димишқ ва дигар мавзеъҳо дидан кунад.

“Барои мо муҳим аст, ки созмонҳои башарӣ иҷозаи вуруд ба ин шаҳрҳоро дошта бошанд ва ниёзмандиҳои воқеъии аҳолӣ, роҳҳои таъмини ёрии оҷил ба мардум мушаххас шавад”, афзуд дипломати воломақоми СММ.

Ҳафтаи гузашта ҳангоми сафар ба Сурия Валерӣ Амос аз Ҳумс ва Бобо Амр дидан карда ва гуфта буд, ки ин шаҳрҳо баъд аз муҳосираи якмоҳа дар вазъи сангин қарор доранд.

Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, аз ҳукумати Сурия ва мухолифини Башор Асад хост, ки бо фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннан ба хотири хатми хушунат дар кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Кофӣ Аннан ҳафтаи гузашта аз Сурия дидан ва тарҳи нави ҳалли мусолиматомези қазияи Сурияро ба Димишқ пешниҳод карда буд. Қарор аст, ки ӯ имрӯз аз натоиҷи сафараш ба Димишқ ба Шӯрои амнияти СММ гузориш диҳад. Тарҳи нави ҳалли мусолиматомези қазияи Сурия - оштии нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ, дастрасии мардум ба кӯмаки башарӣ ва шурӯи музокироти сулҳро дарбар мегирад.

Дар ҳамин ҳол тақрибан 200 гурӯҳу созмонҳои башариву дифоъ аз ҳуқуқи башар аз Русия ва Чин даъват карданд, ки аз талошҳои СММ барои хатми хушунат дар Сурия пуштибонӣ кунанд. Дар изҳороти онҳо гуфта шудааст, куштори беш аз 8 ҳазор суриягиҳо бар асари саркӯбии дигарандешӣ аз сӯи режими Башор Асад паёмади он буд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ худро аз ҳалли ин қазия канор гирифт. Русия ва Чин алайҳи қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ, ки аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва Иттиҳоди кишварҳои араб таҳия шуда буданд ва Димишқро барои истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарон маҳкум мекарданд, раъй доданд.

Ахиран мақомоти Туркия хабар доданд, ки тайи ду рӯзи ахир боз ҳазор паноҳандаи суриягӣ вориди кишвар шуданд ва теъдодии умумии фирориён аз Сурияи ҳамсоя ба 14 ҳазор нафар расид.

Дар ҳамин ҳол сокинони Ҳумс мегӯянд, ҳарчанд шаҳр таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад, онҳо аз идомаи мубориза даст бардоштанӣ нестанд. Абу Умар ал-Ҳумсӣ, як фаъоли мухолифин мегӯяд, ки “ин инқилоб ба маънои комили ин вожа аст, инқилоб алайҳи саркӯбӣ, истибдод ва фасод. Мо фаъолон аз ҳама мардуми Сурия хоҳиш дорем, ки устувор бимонанд ва чун пештара ба хиёбонҳо рехта озодӣ ва аз байн бурдани ин мустабидро талаб кунанд. Аз ин бештар мо чизе намехоҳем.”

Рӯзи панҷшанбе ҳазорон сокинони Димишқ, Алеппо, Лозиқия ва дигар шаҳрҳо намоишҳои эътирозӣ доир карда, хостори истеъфои Башор Асад шуданд.

Дирӯз ба думболи Арабистони Саудӣ, дигар кишвари арабӣ –Баҳрайн ҳам сафораташ дар Димишқро баст. Сафирони ин кишварҳо ҳанӯз моҳи феврал аз Сурия боз хонда шуда буданд, акнун дигар дипломатҳояшон низ Димишқро тарк мекунанд. Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн аз ин иқдом ба нишони эътироз алайҳи саркӯбии мухолифин аз сӯи режими Башор Асад кор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG