Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти "бидуни марз" дар Порис


Дар яке аз маъруфтарин толорҳои Порис консерти муштараки оркестрҳои Кореяи шимолӣ ва Фаронса таҳти раҳбарии дирижёри маъруфи Кореяи ҷанубӣ Чонг Мен Вҳун баргузор шуд.

Чонг Мен Вҳун ба ҳозирин гуфт, консерти муштараки оркестри Unhasu ва оркестри Радиои Фаронса баёнгари он аст, ки мусиқӣ воқеъан ҳам марзу бум надорад. Дар консерт симфонияи рақами 1-и Брамс ва пораҳо аз операи «Кармен»-и Бизе садо доданд. Дар фарҷом оркестри муштарак як таронаи миллии кореягиро иҷро намуд, ки онро дирижёр ба модараш – мутаваллиди Кореяи шимолӣ бахшид.

Чонг аз соли 2000 ба ин сӯ раҳбари оркестри Радиои Фаронса ва ҳамзамон сардирижёри оркестри шаҳри Сеул аст.
XS
SM
MD
LG