Пайвандҳои дастрасӣ

Дар манотиқи шианишини Баҳрайн, дар солгарди саркӯбии тазоҳуроти як соли пеш, миёни сокинони маҳаллӣ ва полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони полис барои парокандасозии эътирозгарон аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурданд. Дар бораи осебдидагон иттилое зери даст нест.

Соли гузашта шиамазҳабҳои Баҳрайн алайҳи ҳукумати сулолаи суннимазҳабҳои ал-Халифа чанд ҳафта тазоҳурот карданд. Дар ҷараёни саркӯбии он намоишҳо садҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG