Пайвандҳои дастрасӣ

Ёрии молиявии Сандуқи байнулмилалии пул ба Юнон


Шӯрои мудирони Сандуқи байнулмилалии пул тасмим гирифт, ки дар чаҳорчӯби дуввумин бастаи ёрии молиявӣ барои Юнон 28 миллиард евро ҷудо кунад.

Маблағи умумии ин баста 130 миллиард евро мебошад ва бахши аъзами онро Иттиҳодияи Аврупо тахсис медиҳад. Ба гуфтаи раиси Сандуқи байнулмилалии пул Кристин Лагард, ба таври фаврӣ ба Юнон яку ним миллиард евро ироа мешавад.

Сандуқи байнулмилалии пул дар бораи кӯмак ба Афина баъди он тасмими ниҳоӣ гирифт, ки ҳукумати Юнон дар мавриди бознигарии пардохти қарз бо сармоягузорони инфиродӣ ба созиш расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG