Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссиюни вижа ба шаҳрҳои ҷангзада сафар мекунад


Валерӣ Амос

Валерӣ Амос

Дар шаҳрҳои Ҳумс, Ҳома ва Даръо, ки моҳҳои ахир ба саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ табдил шуда буд, рӯзи шанбе комиссиюни муштараки иборат аз намояндагони созмонҳои хайрияи Сурия ва созмониҳои байнулмиллалӣ ба фаъолият мепардозад.

Валерӣ Амос, раиси идораи масоили башарии СММ мегӯяд, ки комиссиюн бояд ниёзмандиҳои мардуми ин шаҳрҳо ва роҳҳои ироаи кӯмаки башарӣ ба онҳоро мушаххас кунад.

Дирӯз ба думболи Арабистони саудӣ дигар кишвари арабӣ –Баҳрайн ҳам сафораташ дар Димишқро баст. Сафирони ин кишварҳо ҳанӯз моҳи феврал аз Сурия боз хонда шуда буданд, акнун ҳама дипломатҳояшон Димишқро тарк мекунанд. Ин тасмим ба нишони эътироз алайҳи саркӯбии мухолифин аз сӯи режими Башор Асад гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG