Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон Игор Винявский-сардибари “Взгляд” рӯзномаи мухолифон аз боздоштгоҳи муваққатӣ раҳо шуд. Вай моҳи январи соли ҷорӣ барои даъват ба сарнагунии ҳукмати қонунӣ аз роҳи зӯр ба боздоштгоҳи муваққатӣ андохта шуд ва то ҳол расидагӣ идома дошт. Рӯзи панҷшанбе додгоҳи Алмаато дастури раҳоии вайро содир кард. Ҳамкорон ва нозирон мегӯянд, сабаби боздошти Винявский гузоришҳои вай роҷеъ ба рӯйдодҳои Жаноазен мебошад, ки ҳангоми пароканда сохтани тазоҳуроти эътирозӣ аз сӯи кормандони пулис дар ин шаҳр 16 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG