Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархҳо дар Тоҷикистон. Афзоиши тадриҷӣ ё ҷаҳиш?


Боло рафтани нархи барқ ва пардохтҳои гумрукии маводи нафтии Русия, ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?

Бархе аз коршиносон мегӯянд, афзоиши нархи барқ ва боҷи гумрукии фуровардаҳои нафтӣ, сар аз 1-уми апрел ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон таъсири печида ва то андозае пешгӯинашаванда хоҳад дошт.

Сар аз 1-уми апрел нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 20 дарсад зиёд мешавад ва ҳам Русия тасмим гирифтааст боҷи гумрукӣ барои маводи нафтии содиротиашро 10 дарсад, аз 410 ба 460 доллар сари ҳар тонна боло барад. Тоҷикистон беш аз 80 дарсади маводи нафтиро аз ин кишвар ворид мекунад. Ва на танҳо нархи барқ, балки камбуди он ноқаноатмандиҳои густардаеро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст. Афзоиши нархи ин ду маҳсулот ба боло рафтани нархи маводи дигаре сабаб мегардад, ки бо истифода аз онҳо тавлид ё интиқол дода мешаванд.

Таҳлилгарони маркази Economist Intelligence Unit дар гузориши нави худ гуфтаанд, агар ҳукумати Тоҷикистон рӯйи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тамаркуз накунанд ва тадобири ҷиддиеро ба кор набаранд, ин равандҳо дар ниҳояти кор метавонанд ба нооромӣ дар Тоҷикистон сабаб гарданд.

Вале намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Зайниддин Мӯъминов, мегӯяд, кӯшишҳое сурат гирифтаанд ва ба қарибӣ созише бо Русия ҳосил хоҳад шуд, ки қимати боҷи гумрукӣ аз 1-уми апрел на боло, балки поён бурда шавад: «Фасли баҳор ҳамеша бо умедҳо пайванд дорад. Мегӯянд, ки то баҳор расем, пас ҳама хуб мешавад. Ин баҳор дар муносибатҳои иқтисодии мо бо кишварҳои дигар, додугирифту гардиши мол насими нав медамад.»

Ба ақидаи коршиносони Economist Intelligence Unit, аз нархҳо дида, пойбандии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирон ба дурнамои вазъ таъсир хоҳад дошт. Онҳо пешбинӣ мекунанд, ки суръати рушди иқтисодӣ дар Русия дар соли 2012 коҳиш меёбад ва интиқоли сармоя ба Тоҷикистон низ. Дар ҳамин ҳол нархи маводи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ рӯ ба коҳиш мениҳад ва поин рафтани қимати алюмину пахта ба вазъи Тоҷикистон таъсири амиқ хоҳад дошт. Ҳарчанд кишвар таъсири бӯҳронро паси сар кард, ин бор тасодуфи ҳамзамон иттифоқ афтодани чанд омил хатарзо буда метавонад.

Вале Георгий Кошлаков, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло устоди иқтисоди Донишгоҳи славянӣ, мегӯяд, ҳар чӣ пеш меояд, беҳбудӣ нахоҳад буд, аммо фалокат ҳам нахоҳад омад: «Агар ҳоло ба маълумоти омор бингаред, таваррум дар моҳи январу феврал назаррас буд. Қиматҳо то 0,2 дарсад баланд шудаанд. Моҳи апрел тақрибан 0,5 дарсад боло мераванд. Аммо чизи вижае рух намедиҳад. Кори маъмулист. Хароҷот бештар мешавад. Нархҳо пайваста боло мераванд. Аз пештара вазнинтар мешавад. Зарур меояд, ки бештар харҷ кунем. Аммо ман дар ин ҳама фалокатеро намебинам.»

Вале иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки болоравии нархҳо ҳарчанд дар моҳи апрел рух нахоҳад дод, аммо дертар иттифоқ хоҳад афтод. Баҳодур Ҳабибов, сарвари Иттиҳоди истеъмолкунандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин як марҳалаи болоравии мунтазам, аммо назарраси қимати молу коло дар кишвар хоҳад буд: «Моҳҳои апрел, май, июн, июл ва август, масалан, барқ ба болоравии нархҳо таъсири ҷиддӣ намерасонад. Ин марҳалаи кам истифода бурдани барқ аст. Яку якбора баланд шудани нархҳо маълум намешавад. Аммо муттасил қиматҳо боло хоҳанд рафт. Ҳам афзоиши қимати барқ ва ҳам маводи нафтӣ боло рафтани нархҳоро, албатта, таҳрик медиҳанд.»

Дар Тоҷикистон қариб ду сол аст, ки қиматҳо бо таъсир ё маслиҳати беруна боло мераванд. Боло бурдани қимати барқро аз тавсия ё ибтикороти Бонки ҷаҳонӣ медонанд. Афзоиши қимати боҷи гумрукӣ барои нафт аз сӯи Русия ва транзит барои қаторҳои Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон низ батадриҷ амалӣ мегардад, ки аз сӯи коршиносон ҷузъе аз барномаи «ром кардан"-и Тоҷикистон, аммо ҳамзамон кори дохилии ин кишварҳо арзёбӣ мешавад.

Ҳамсӯҳбати дигари ман аз мақомоти расмӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, суду зиён ва хатароти болоравии қимати барқ аз қабл дуруст таҳлил шудаву таъсири манфӣ ба иқтисод нахоҳад дошт. Вай афзуд, кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба он кишварҳои дигар наздик шуданд, ки Русия худро дур гирифт. Ҳамсӯҳбати мо хулоса кард, ки вақте сарвари нави Русия мехоҳад ғояи Иттиҳоди Авруосиёро амалӣ кунад, ногузир бояд барои Тоҷикистон ҳам имтиёз қоил шавад.

Вале то куҷо ин пешгӯиҳо ҷомаи амал хоҳанд пӯшид ва ҳам дар ивази чӣ гузаштҳое, вақт нишон хоҳад дод. Ҳатто шояд ҳанӯз пеш аз 1-уми апрел.
XS
SM
MD
LG