Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Амрико аз эҳтимол дур намедонанд, ки сарбози муттаҳам ба қатли 16 афғони мулкӣ дар хоки Афғонистон, аммо дар додгоҳи низомии амрикоӣ муҳокима хоҳад шуд.

Дар ҷавоб ба тақозои муҳокимаи ин сарбоз дар додгоҳи афғонӣ низомиёни Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, сарбози муттаҳам аллакай ба Кувайт интиқол ёфтааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ хабарнигори Радиои Озодӣ Ҳезер Маҳер аз ҳуқуқшиноси низомӣ ва устоди донишгоҳи Йели Амрико Юҷин Файдел пурсид, оё чунин имкон вуҷуд дорад, ки ин сарбзро додгоҳи афғонӣ муҳокима кунад?

Юҷин Файдел: “Ягон имкон вуҷуд надорад, ки ӯро додгоҳи афғонӣ муҳокима кунад. Мо бо ҳукумати Афғонистон созишнома имзо кардаем ва ҳукумати Афғонистон мувофиқат кардааст, ки низомиёни Амрико ва ходимони маъмуриву фаннии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон тибқи созишномаи равобити дипломатии Вена мақом дошта бошанд. Яъне низоми адлияи Афғонистон наметавонад рафтори амалкарди онҳоро қазоват кунад.”

Радиои Озодӣ: То кунун ному насаби сарбози амрикоии муттаҳам ба куштори афғонҳои мулкӣ ошкор нашудааст, вале баъзе расонаҳо муайян кардаанд, ки қабл аз ифои вазифа дар Афғонистон ӯ ду дафъа ба Ироқ сафарҳои хидматӣ доштааст. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки ахиран ин сарбоз аз сараш ҷароҳат бардоштааст. Оё ин захм ва хидмати тӯлонии ӯ дар артиш дар ҷараёни муҳокима ва ё ҳангоми муқаррар намудани муҷозот ба назар гирифта хоҳад шуд?

Юҷин Файдел

Юҷин Файдел

Юҷин Файдел: “Як омил аз омили дигар фарқ дорад. Албатта, нафаре метавонад корномаи хуби хидматӣ дошта бошад, ки ҳангоми эълони ҳукм нақш гузорад. Мо дар Амрико аз усули ба истилоҳ "ҳимоят аз сарбози хуб" кор мегирем, ки метавонад ҷазоро сабуктар кунад. Эҳтимол захми дар ҷанг гирифташуда низ метавонад ҳангоми судури ҳукм ба назар гирифта шавад. Албатта, ҳайати мунсифа наметавонад ин омилҳоро аз мадди назар дур карда, муҷозоти шадидтаринро қобили қабул донад.”

Радиои Озодӣ: Пас, дар чунин ҳолатҳо ҳукумати ИМА чӣ кор мекунад. Манзур, вақте як амрикоӣ ба шаҳрванди кишвари дигар дарду алам меорад, ҳукумати Амрико онро ҷуброн хоҳад кард?

Юҷин Файдел: “Шароити муайяне ба хотири пардохти ҷуброни дарду алам пешбинӣ шудааст, ки бо номи “экс-гратия” ва ё “солатия” ёд мешавад. Ин як миқдори миёнаест, ки бо гирифтани он касе сарватманд намешавад. Ба фикри ман, муҳим ин аст, ки ИМА ба ин қурбониҳои хориҷӣ ва наздикони онҳо чӣ имтиёзе қоил мешавад. Шояд мисли он ҳаққи мушорикат шавад, ки мо ба қурбониҳо дар ИМА медиҳем. Барои мисол, додситонҳои низомӣ бояд қурбониҳоро аз рафти муҳокима огаҳ кунанд ва агар имкон бошад, ширкати онҳо дар додгоҳро ташкил намоянд. Ҳамчунон агар зарур буд, кумаки равонӣ низ расонанд. Хуллас, мебинем, ки чӣ мешавад. Ман хавф дорам, ки оилаҳои қурбониҳои афғонӣ дар пайи иҷрои кадом яке аз ин шароит нахоҳанд буд. Бубинем, ки чӣ мешавад. Бовар дорам, бо назардошти фазои ҳозираи қобили инфиҷор, ҳалли қазия фавқулода чолишҳо дар пеш хоҳад дошт.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG